Мулоқоти Рустам Назаров бо Мирослав Енча

Март 28, 2012 15:26

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- 25 марти соли 2012 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ Рустам Назаров бо намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, сарвари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи первентивӣ, сафир Мирослав Енча доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот, ки бо ташаббуси Маркази минтақавии дипломатияи первентивӣ барои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, директор ҷаноби сафирро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуда, дар бораи ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа, ҳамчунин «Тсарикс» дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маълумот дод. Сарвари Агентии назорати маводи нашъаовар дар бораи тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати назорати маводи мухаддир меандешад ва доир ба фаъолияти агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушди он нақл намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин дурнамои рушди он баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори умед карданд.

Март 28, 2012 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад