Мулоқоти Шариф Саид бо волиҳои Афғонистон
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 1 март раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Душанбе бо волиҳои вилоятҳои Балх ва Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Нур ва Шаҳвон Адиб мулоқот анҷом дод. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки савдои байнисарҳадӣ омили муҳимтарини рушду густариши муносибатҳои иқтисодии байни ҳар ду кишвар аст. Мавсуф изҳори итминон намуд, ки вақтҳои наздик минтақаҳои байнисарҳадии хар ду кишвар ба марказҳои муҳими савдо табдил меёбанд. Афғонистон тавассути роҳу пулҳо роҳҳои кӯтоҳтаринро сӯи бозорҳои калони Осиёи Марказӣ, Русия ва ҶМЧ пайдо мекунад. Ба фикри волии вилояти Балх Муҳаммад Нур, самти ҳозираи ҳамкории иқтисодӣ омили муҳими халли қазияи Афғонистон аст. Пули Панҷи Поён масофаи байни Душанбе ва бандари баҳрии Карочиро қариб ду маротиба кӯтоҳ намуда ва ба рушди иҷтимоию иқтисодиёти тамоми минтақа суръат бахшид.- Ифтитоҳи бозорҳои савдои байнисарҳадӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз ба солҳои мадид аз якдигар ҷудо будани минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон хотима бахшид, гуфт волии вилояти Бадахшон доктор Шаҳвон Адиб.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт, савдо, маориф, тандурустӣ ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҶТ, муомилоти моли байни Тоҷикистону Афғонистон аз рӯи натиҷаи ёздаҳ моҳи соли 2011 беш аз 123 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 баробари 53,8 фоиз зиёд аст.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






