Мусодираи маводи нашъаовар дар шимоли кишвар
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар шимоли кишвар беш аз 16 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.Мувофиқи хабари сардори хадамоти матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, дар ҷараёни амалиёт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини 44 – солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир шуда, аз 31 бастаи полиэтилении ӯ 16 килограмму 62 грамм ҳашиш пайдо гардид.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.Тибқи маълумоти роҳбари хадамоти матбуоти ВКД, тайи ду рӯзи охир беш аз 40 килограмм ҳашиш ва аз оғози соли ҷорӣ қариб 350 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






