Намоишгоҳ дар Фархор
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи лоиҳаи «Коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар деҳоти вилоятҳои Хатлону Суғд бо василаи зиёд намудани арзиши изофӣ, дастгирии ташаббусҳои худидораи маҳаллӣ ва афзоиши устуворӣ ва рушди деҳот», ки онро Созмони ғайриҳукуматии АКТЕД – и Фаронса дар амал татбиқ менамояд, намоишгоҳи кишоварзӣ доир гардид. Намоишгоҳ 28 нигораи 7 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифт. Тавре дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вазифаи асосии намоишгоҳ иборат аз рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати кишоварзӣ ва барқарор намудани муносибатҳои мутақобилан муфиди байни фермерҳо, аъзои кооперативҳо ва молдиҳандагон мебошад.Дар намоишгоҳ бисёр соҳибкорони маҳаллӣ ширкат варзида ва вазифаҳои ба миён гузошташуда муваффақона иҷро гардиданд. Аксарияти иштирокдорони намоишгоҳ иброз доштанд, ки барои ҳамкории минбаъда дар бахши тиҷорати кишоварзӣ мушорикони тавоно пайдо намуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






