Намоишгоҳи байналмилалӣ
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллох).-Худи ҳамин рўз дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони Афғонистону Покистон Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар Анҷумани соҳибкорони кишварҳои сершумор, ки дар ҳошияи Конфронси панҷуми РЕККА баргузор гардид, иштирок ва ибрози андеша карданд. Нахуст сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон аз намоишгоҳ, ки дар он бештар аз 60 ширкати истеҳсолӣ аз ТоҶикистону Афғонистон ва дигар давлатҳо молу маҳсулоти хешро ба маърази тамошо гузоштанд, боздид ба амал оварданд ва аз зарфиятҳои тавлидотии кишварҳои минтақа ошноӣ бештар пайдо карданд. Хабар дода шуд, ки дар ин намоишгоҳ 30 ширкати тавлидотии Афғонистон, 20 муассисаи истеҳсолӣ аз Точикистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Мардумии Чину Қирғизистон молу маҳсулоти хешро ба намоиш гузоштанд. Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар Бизнес-Форум, ки бо иштироки доираи васеи соҳибкорон ва намояндагони сершумори давлатҳои мададрасон ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт, ширкат варзида, перомуни имкониятҳои ҳанўз истифоданашудаи иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳои минтақа ибрози андеша карданд. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самтҳои афзалиятноки муносибот ва таҳкими равобит дар бахшҳои гидроэнергетика, коркарди ниҳоии маҳсулоти саноатӣ, бештар рў овардан ба соҳибкории истеҳсолӣ, воридоти технологияи муосири тавлидотӣ махсус таъкид шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






