Намоиши маҳсулоти Тоҷикистону Афғонистон

Март 27, 2012 14:50

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҳошияи Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) дар шаҳри Душанбе ҷамъомади тоҷирон баргузор гардида, намоишгоҳе ифтитоҳ шуд, ки дар он ширкатҳои Тоҷикистону Афғонистон маҳсулоти худро ба маърази намоиш гузоштанд. Мувофиқи суханони раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид, намоишгоҳ омили асосии рушду ривоҷи равобити самарабахши аҳли тиҷорат ва табодули иттилоот гардид. Саҳми палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Афғонистон барои таҳким бахшидани муносибатҳои мутақобилан муфид сол аз сол меафзояд. Соли 2011 муомилоти савдои хориҷии байни ҳар ду давлат нисбат ба соли 2010 хеле афзуд, ки бунёди роҳҳои нави мошину қаторагард, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ дар ин амр мақоми хоса доштанд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти бахшҳои гидроэнергетика, ҳавопаймоӣ, саноати алюминий, сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва маснуоти косибони Афғонистон ба маърази намоиш гузошта шуд.

Март 27, 2012 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд