Натиҷаҳои моҳонаи қабули муроҷиати шаҳрвандон бо тариқи телефони «Боварӣ»

Март 6, 2012 15:11

Душанбе, 6 март. ( АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мақсади густариши ҳамкории мардум бо кормандони милитсия бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар назди Вазорати корҳои дохилӣ телефони боварӣ таъсис дода шуд.Телефони боварӣ ба таври шабонарўзӣ фаъолият намуда, ҳар нафар метавонад бевосита бо он занг зада, доир ба ҳама гуна қонуншиканӣ, ҷиноятҳои вазнин, аз қабили таҳрибкорӣ, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ва ё террористидошта: одамкушӣ, одамрабоӣ арзу шикояти худро пешниҳод намояд, ки он бевосита ба вазири корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба ҳар як далел санҷиши воқеъбинона гузаронида шуда, қарорҳои қонунӣ қабул карда мешавад.Барои ирсол намудани хабарҳо доир ба содиршавии ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки тасдиқи худро ёфтаанд, аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд ва қадрдонӣ шуда, дар ҳолати зарурӣ махфияти шахсони хабардиҳанда кафолат дода мешавад. Дар тўли як моҳи фаъолияти ин робитаи боэътимод бо мардум 84 арзу шикояти шаҳрвандон ворид гардид, ки аз он 26 далелаш маълумоти шаҳрвандон доир ба ҳуқуқвайронкунӣ ва содиршавии ҷиноятҳо мебошад. Аз ҷумла, дар бораи содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳост. Аз ҷумла,аз тариқи телефони боварӣ дархости шаҳрванд Шерхонов Абдулмӯъмин Аҳмадович, сокини шаҳри Кӯлоб, хабарнигори Радиои «Озодӣ» ворид гардид, ки мувофиқи иттилои ӯ гӯё моҳи майи соли 2010-ум дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи И. Сомонӣ шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба муассисаи рӯзномаи «Пажвок» ворид шуда, аз он ҷо диктофон, фотоаппарат ва дигар ашёи журналистиро ба маблағи 3000 сомонӣ дуздидаанд. Вобаста ба ин маълумоти шаҳрванд, ҷинояти мазкур ба қайд гирифта шуда, парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд ва ҳоло тафтишот идома дорад.Аз тариқи телефони боварӣ инчунин шикояти шаҳрванд Мақсадов А., ворид гардид, ки гӯё шаҳрванд Мудиков Анвар аз ӯ бо роҳи фиреб маблағи 2 700 доллари амрикоиро гирифтааст.Дар вақти санҷиш далели мазкур тасдиқи худро ёфт ва аз тарафи кормандони ШКД шаҳри Турсунзода чораҳои зарурӣ андешида шуда, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.Дар ин давра инчунин тавассути телефони боварӣ 5 далели пешниҳоди шаҳрвандон барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ворид гардида аст.Дар қатори дигар хабару муроҷиатҳо, инчунин шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти баъзе аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ арзу шикояти худро пешниҳод намуданд: нисбат ба кормандони бахши БДА 24 далел, бахши кофтукови ҷиноӣ 6 далел, нисбати кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд 5 далел, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 4 далел, бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ 3 далел ва нисбат ба дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ 5 далел.Аз шумораи умумии маълумоти ирсолӣ дар мавриди Бозрасии давлатии автомобилӣ то имрўз 7 далели он санҷида ва ба ашхосе, ки шикоят намудаанд, ҷавобҳои хаттӣ гардонида шуд. Вобаста ба шикояти шаҳрвандон аз фаъолияти кормандони бахши БДА мунтазам чораҳои дахлдор андешида мешавад. Мутаассифона, аксари хабарҳои воридшаванда хусусияти умумӣ дошта, дар вақти санҷиш баъзе аз онҳо тасдиқи худро намеёбанд.Аз шумораи умумии хабарҳои воридгардида санҷиши беш аз 40 далел дар мӯҳлати муайянгардида ба анҷом расида, аз натиҷаи он ба шаҳрвандон ҷавобҳои муфассал ирсол гардидааст ва, санҷиши далелҳои дигар идома дорад.

Март 6, 2012 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст