Нерӯи ҷамоаи тоҷикон
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 12 март дар шаҳри Маскав мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷамоаи тоҷикон дар Русия: нерӯи иқтисодию фарҳангӣ» баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ намояндагони маъмурияти Президенти Федератсияи Русия, Думаи давлатии Федератсияи Русия, Хадамоти федералии муҷирати Русия, Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, коршиносони Русия ва хориҷӣ иштирок менамоянд. Тавре директори лоиҳаҳои Бунёди рушди равобити байналмилалии «Ҳамсоягии нек», ҳамоҳангсози гурӯҳи корӣ аз рӯи масъалаҳои муҳоҷират ва проблемаҳои ҷамоаҳои Ҷунбиши «Русияи интернатсионалӣ» Ю.Московский ба АМИТ «Ховар» хабар дод, натиҷаи мизи мудаввар дар замимаи махсуси ҳафтавори федералии «Ахбори Русия» ва дар сомонаи иттилоотию таҳлилии «Ҳамсоягии нек» дарҷ мешавад. Бунёди рушди равобити байналмилалии «Ҳамсоягии нек» сарпарастии ин чорабиниро ба ӯҳда дорад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






