Ник Ҳарвей ба Тоҷикистон омад
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вазири оид ба масъалаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Британияи Кабир Ник Ҳарвей ба Тоҷикистон омад. Тавре аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ник Ҳарвей дар чаҳорчӯбаи ташрифаш бо вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Хайруллоев вохӯрда, дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Британияро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Қобили зикр аст, ки ҳамкории ҳарбии миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир аз соли 2001 дар чаҳорчӯбаи ба Афғонистон омадани Қувваҳои мададгори байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






