Ник Харви: «Тасмим гирифтем, ки як қисми таҷҳизоти низомиро дар Афғонистон боқӣ гузорем»

Март 2, 2012 15:24

Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Қувваҳои мусаллаҳ Ник Харви мулоқот намуд.
 
Пас аз анҷоми мулоқот вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Қувваҳои мусаллаҳ Ник Харви андешаҳояшро ба хабарнигорон иброз дошта, аз ҷумла гуфт: «Имрӯз хеле шарафмандам, ки мулоқот, дидор ва гуфтугӯи хеле пурмӯҳтавову судманд бо Ҷаноби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссарам гардид ва мо атрофи мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкори судманд доштем». Мавсуф қайд намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон хеле шахсияти калидӣ ва бонуфуз дар минтақа маҳсуб мешавад ва Тоҷикистон яке аз шарикони боэътимоди Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир аст. Инчунин мо аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ва кӯмакҳои пурарзишаш барои дастгирии қувваҳои эътилофии байналмилалӣ дар Афғонистон дар ҷодаи татбиқ ва роҳандозии амалиётҳои он дар ин кишвар хеле миннатдор ва сипосгузорем. Дар ҳоли ҳозир раванди гузариш дар Афғонистон ба таври хуб ва шоиста рохандозӣ шуда ва ба тадриҷ қувваҳои эътилофи байналмилалии сулҳофарин дар Афғонистон минтақа ба минтақа дар ҳар ноҳия масъулияти таъмини амниятро дар кишвар бар дӯши қувваҳои дохилии Афғонистон вогузор карда истодаанд. Мо мехостем бори дигар таъкид созем, ки ҷомеаи байналмилалӣ тасмим гирифтааст, ки ҳатто пас аз соли 2014, пас аз хуруҷи қисми бештари қувваҳои эътилофи байналмиллалӣ ин кишварро тарк накарда, балки дар самти кӯмак ва мусоидати бунёди иқтисоди пурзӯри ин кишвар дар солҳои минбаъда боқӣ монад. «Мо бо Ҷаноби Президент хеле сӯҳбати пурмӯҳтаво доштем ва дар атрофи мавзӯъҳои истодагирии муштарак ва муборизаи ҳамаҷониба алайҳи таҳдидҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва қувваҳои террористӣ дар минтақа ва Афғонистон табодули назар кардем. Мо имрӯз хуб дарк менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати хеле муҳимро бар дӯш дорад ва онро дар амал татбиқ менамояд, ки он вобаста аст ба масоҳати тӯлонии 1400 киллометраи сарҳадот бо Афғонистон ва имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ бояд омодагӣ гирад, то ки Тоҷикистонро дар ин самт мусоидат ва кӯмаки ҳамаҷониба намояд, зеро таҳкими устувор ва амнияти сарҳадот ба манфиати ҳамаи ҷонибҳои қувваҳои байналмилалии эътилофист». Вазири Британия афзуд: «Мо бар он ақида ҳастам, ки истиқлоли сулҳи комил ва суботи сартосарӣ чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар Тоҷикистон ба рушди унсурҳои иқтисодӣ вобастагии зқавӣ дорад ва дар ин самт Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ омодааст, то дар ин мачро Афғонистон ва Тоҷикистонро дар тасмимоту талошҳо барои таъмини рушди иқтисодӣ кӯмаки ҳамаҷониба намояд». «Мо тасмим гирифтем, ки як қисми таҷҳизоти низомии худро дар Афғонистон боқӣ гузорем, ба шарте, ки мутмаин бошем, ки нерӯҳои дохилии Афғонистон аз истифодаи техникаҳои низомӣ бархурдор бошанд ва ба нафъи худ истифода кунанд», — тазаккур дод дар хотима Ник Харви.

Март 2, 2012 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад