Омодагӣ ба мавсими кирмакпарварӣ

Март 6, 2012 11:48

Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Ҷиҳати муташаккилона гузаронидани мавсими кирмакпарварӣ корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла КВД «Пилла», корхонаҳои фаръии тухми кирмаки шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва корхонаи фаръии зотпарварии тухми кирмаки шаҳри Ваҳдат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ноҳияҳои кирмакпарвар ба сармоягузорон вобаста карда шудаанд. Сармоягузорон ҶДММ «Дук», ҶДММ «Дӯстии Афғонистон», ҶДММ «ВТ Силк»- шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «ВТ Роҳи Абрешим», ҶДММ «Дӯстии Н.Р», КВД «Пилла», КФ «Сарбанд силк»-и шаҳри Сарбанд, КФ «ВТ Силк» шаҳри Кӯлоб, ҶДММ «Хуҷанд Атлас» ва ҶДММ «ВЧ Пилла»-и ноҳияи Данғара тибқи нақша кирмакпарваронро бо тухми кирмаки хушсифат, маводи лозимӣ ва бо маблағи зарурӣ таъмин хоҳад кард. Тухми кирмаке, ки дар корхонаҳои фаръӣ тайёр карда мешавад, барои аз бемории пебрина эмин будану муайян намудани фоизи зиндашавии тухмӣ зарур аст. Дар ин бобат бо иштироки мутахассисони соҳа комиссияи назорати давлатӣ таъсис дода ва аз назорат гузаронида мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.

Март 6, 2012 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд