Пасандозҳо 8 маротиба афзоиш ёфтанд

Март 7, 2012 09:49

Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Бино ба гуфти мутахассиси филиали Бонки давлатии «Амонатбонк» дар ноҳияи Ванҷ Давлатмаҳмад Шодиев, эътимоди мардуми ноҳия ба соҳаи бонкдорӣ сол аз сол зиёд мегардад. Ҳамасола садҳо соҳибкор, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ашхоси ҳуқуқию инфиродӣ барои гирифтани қарз баҳри рушди соҳибкорӣ, боғдорию паррандапарварӣ ба бонк муроҷиат мекунанд.Танҳо дар ду моҳи аввали соли 2012 ба сокинони ноҳия беш аз 160 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст. Соли 2011 ба эҳтиёҷмандон наздик ба 2,5 млн. сомонӣ қарз дода шуд. То 1-уми январи соли 2012 ба «Амонатбонк»-и ноҳия аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 1 млн. ва дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ бештар аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ дохил шудааст.Миқдори пасандозҳои шаҳрвандон нисбат ба солҳои 2005 -2007 беш аз 8 маротиба афзудааст.Дар айни замон мардум барои фарзандони ноболиғ ва хурдсолашон пасандоз мегузоранд, ки он баъди ба синни 18 расидани фарзандони ноболиғ бо тамоми фоизи ҷамъшуда аз тарафи «Амонатбонк» дода мешавад.

Март 7, 2012 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд