Пойгаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз-2012
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2012 пойгаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он 105 сар аспи зоти тоҷикӣ ва асили саворӣ (англисӣ) ширкат варзиданд. Чорабинӣ дар 11 марҳила баргузор гардид. Дар ҳафт марҳилаи аввал аспҳои зоти тоҷикии синни гуногун иштирок намуда, дар масофаи 1600 метр қувваозмоӣ намуданд. Ғолибони ҷои 1-ум ва 2-юми ин марҳилаҳо дар марҳилаи 10-ум барои дарёфти ҷоизаи «Ғолиби пойгаи Наврӯз-2012» байни аспҳои зоти тоҷикӣ ширкат варзиданд. Ҳамзамон дар марҳилаи 8-ум аспҳои зоти тоҷикии 2-сола дар масофаи 1000 метр иштирок намуданд. Дар марҳилаи 9-ум 9 нафар духтари чобуксавор ширкат карданд.Дар марҳилаи 10-ум 14 нафар ғолиби 7 марҳилаи аввал дар масофаи 1600 метр иштирок намуданд. Марҳилаи 11-ум барои дарёфти Шоҳҷоиза байни апсҳои асили зоти саворӣ (англисӣ) дар масофаи 2000 метр баргузор гардид, ки дар он 12 сар асп иштирок намуданд. Дар ин марҳила асп аз заводи асппарварии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод бо вақти 2 дақиқаю 22 сония ғолиб омад. Гузаронидани чунин чорабиниҳо барои татбиқи «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






