Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ анҷом дод
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба корҳои созандагӣ, киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ машварати корӣ анҷом дод. Доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ нахуст ахбори масъулини Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои дигари дахлдор шунида шуд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ғайр аз минтақаҳои кӯҳистон, бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ киштукори баҳории зироатҳо ва ниҳолшинонӣ вусъат ёфтааст. Дар робита ба омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор кишварҳои ҷашнгирандаи ин иди фархунда дар он иштирок хоҳанд дошт. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати тоза бахшидан ба корҳои мавсимии кишоварзӣ, дастгирии деҳқонону боғпарварон, фаъолияти созандагию ободонӣ ва омодагии сазовор ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин таъкид гардид, ки пешгирӣ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли фурӯд омадани ярчу тарма, обхезиҳои баъди обшавии захираи бешумори барфи имсола ва боридани боронҳои селу жола омодагии ҷиддиро талаб мекунад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






