Р. Раҳимов: «Муборизаро тақвият мебахшем»

Март 7, 2012 15:02

Душанбе, 7 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон 7 марти соли 2012 дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ гардид. Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни муҳокимаи масъалаи мазкур гуфт, ки Созишнома бо мақсади ҷилавгирӣ аз хариду фурӯши одамон, хусусан занону кӯдакон, таъмини ҷазо барои ҷинояткорон ва бо мақсади ташкил намудани механизмҳои пурсамари ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди онҳо моҳи сентябри 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба имзо расонида шудааст. Вазир афзуд, ки тасдиқи Созишномаи мазкур рушди муносибатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИДМ –ро дар бахши мубодилаи маълумот ва таҳкими ҳамкориҳои ояндаи иттилоотӣ ҳангоми ҳалли вазифаҳои ҳамкории ҳуқуқӣ, озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорон ва пурзӯр намудани механизми мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон таъмин менамояд. Рамазон Раҳимов таъкид кард, ки ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон аксар кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ба масъалаи мубориза бар зидди ин зуҳуроти нангин, ки ҷинояти махсусан вазнин маҳсуб мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус медиҳад. Барномаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон барои солҳои 2011-2013, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст, далели ин гуфтаҳост. Рамазон Раҳимов ҷавобан ба саволи Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон дар мавриди вазъи хариду фурӯши одамон дар ҷумҳурӣ чунин посух дод: масълаи мазкур аз ҷониби Комиссияи салоҳиятдор, ки онро Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис додааст, назорат бурда мешавад. Комиссияи мазкур дар ҳар шаш моҳ ва дар давоми сол масъалаи хариду фурӯши одамонро дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, ба ҳукумати мамлакат маълумот ироа месозад. Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ду раёсат -раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва раёсати кофтукофи ҷиноӣ воҳидҳои махсуси марбут ба масъалаи қочоқи инсон ва ҷиноятҳои ахлоқӣ созмон дода шудааст. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ афзуд, ки бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, хариду фурӯши одамон дар ҷумҳурӣ, хусусан қочоқи духтарон ба кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ҷинояткор ҷой дорад. Вобаста ба чораҳои амалинамудаи ВКД –и ҷумҳурӣ бархе аз гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки ба хариду фурӯши одамон машғуланд, дастгир шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар мавриди баъзе гурӯҳҳои дигари ҷиноӣ чораҳои фаврӣ амалӣ мешавад. Доир ба ин масъала Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палати поёнии парлумони мамлакат таъкид кард, ки масъалаи бо роҳҳои фиреб аз ҷониби гурӯҳои махсуси ҷинояткор ба кишварҳои хориҷӣ, хусусан Аморати Муттаҳидаи Араб бурдани духтарон ба шаъну шарафи миллати мо иснод меорад. Мавсуф афзуд: бояд дар самти хариду фурӯши одамон муборизаи муташаккилона ба роҳ монда шавад ва ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Иттиҳод тақвият бахшид. Баъд аз тасдиқи санади мазкур Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии кишвар дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки дар аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор асосан ба кишварҳои назири Русия, Қазоқистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон ва Афғонистон интиқол дода мешаванд. Тибқи маълумоти ВКД дар соли сипаришуда 100 далели хариду фурӯши одамон ба хориҷи кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Март 7, 2012 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст