Роҳи ҳалли офати табиӣ вуҷуд дорад?
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Хунук омадани фасли тирамоҳи соли гузашта ва зимистони имсола ба соҳаи кишоварзӣ, махсусан дар рушди соҳаи чорводорӣ ва растанипарварӣ таъсири манфии худро расонид.Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ зарари ба 350 гектар расидаи хоҷагиҳои кишоварзӣ 2 млн. 403 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар нишасти матбуотие, ки дар Вазорати кишоварзӣ доир гардид, муовини вазир Сиҷоуддин Исроилов дар бораи хисороте, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чорводорон расидааст, маълумот дода, иброз дошт, ки тавассути офати табиӣ 170,9 гектар картошка, 70 гектар пиёз, 7,9 гектар помидор ва 7 гектар ҳосили помидор дар вилояти Хатлон , 6, 24 гектар ҳосили сабзавоти гармхонаҳо дар вилояти Суғд хисорот дид. Дар ин давра ҳамчунин 121 сар чорвои калон, 4415 сар гӯсфанду буз, 106 сар асп ва 2500 оилаи занбӯри асал аз таъсири хунукӣ талаф ёфтааст.Дар айни замон нарасидани хӯроки серғизо барои чорво ба мушоҳида мерасад, ки он боиси талафи бештари чорво мегардад.Ба гуфти С.Исроилов, барои аз зимистон солим баровардани чорво тақрибан 1 ҳазору 200 тонна хӯроки серғизо зарур мебошад, ки маблағи он беш аз 3 млн. сомониро ташкил медиҳад.Бо ин мақсад бо фармони вазири кишоварзӣ ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода ва бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ барои пешгирии талафоти бештар ҷаласаи корӣ доир карда шуд.Дар асоси муроҷиати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ аз тарафи Фонди Оғохон аввалин шуда ба ноҳияҳои водии Рашт ва ВМКБ барои барқарор намудани зарари офати табиӣ ба миқдори 214,9 тонна картошкаи тухмӣ ва 130 тонна нурии минералӣ ҷудо гардидааст.








Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд






