Сабаби фалокат тарма буд
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бар асари фуромадани тарма автомобили корхонаи коркарди тиллои «Зарафшон» ба ҷарӣ фурӯ рафт. Ҳангоми ин воқеа ронандаи мошин ҷон ба сар бурда, вале мусофири он ҳалок гардид. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ ва Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо роҳбарии вазир Низом Ҳакимов ба маҳалли воқеа омаданд. Дар ин бора сардори шӯъбаи раёсати зудамали Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Владимир Богуманов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. «Дар ҳоли ҳозир роҳҳои мошингарди «Душанбе – Хуҷанд» ва роҳҳои самти Помир, ҳамчунин ағбаҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» пурра баста шудаанд. Вазъият дар роҳҳои номбурда басо вазнин буда, ҳоло бригадаҳои зудамал ва техника муттасил кор мекунад», — гуфт Владимир Богуманов.Вазорати нақлиёти ҶТ аз ҳамаи ронандагон ва сокинони Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки бинобар мунтазам фуромадани тарма рӯзҳои наздиктарин ба қадри имкон аз сафар ба масофаҳои дурдаст худдорӣ намоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






