Сайри Наврӯз дар шаҳри Твер
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар маҷмааи варзишии «Южний» — и шаҳри Твери Федератсияи Русия ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз маросими идона баргузор шуд. Тавре аз дафтари матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони ҷамъиятҳои миллии тоҷикон аз шаҳрҳои мухталифи Русия шодию сурури оғози фасли баҳорро бо намояндагони ҷамъиятҳои озарбойҷониҳо, доғистониҳо, ӯзбекҳо, чеченҳо ва арманиҳо бо ҳам диданд.Дар намоишгоҳ намунаҳои санъати амалӣ, либосҳои миллӣ ва асбобҳои рӯзгор ба маърази намоиш гузошта шуданд. Дар ин чорабинӣ раиси «Ҷамъияти фарҳанги тоҷикони вилояти Твер» Муқим Майбалиев ва мушовири ҳокими вилояти Твер Андрей Гагарин ширкат доштанд.Дар хотима бо иштироки дастаҳои эҷодкор консерти идона баргузор гардида, гӯштингирон қувваозмоӣ намуданд. Мукофоти асосии мусобиқаи варзишӣ насиби гӯштингири моҳир Беҳрӯз Сабзалиев гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






