Шоҳзода дуздӣ кардааст

Март 1, 2012 12:02

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- 27 феврали соли 2012 аризаи шаҳрванд Сатторзода М. (cоли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии шаҳри Ваҳдат, бекор) ворид гардид. Гуфта мешавад, ки 19.02.2012 тахминан соати 13:00 шахси номаълум пинҳонӣ вориди хонаи иҷоравиаш, воқеъ дар суроғаи кӯчаи Хуросон гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи умуми 9000 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Мирзозодаи Шоҳзодаи Тӯрахон (соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Файзобод, ҷамоати деҳоти Файзобод) дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.

Март 1, 2012 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад