Созишнома имзо шуд
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Вазорати корҳои хориҷӣ Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҷопон дар бораи амнияти озуқавии фермерҳои камбизоат бо василаи табодули ёддоштҳо имзо гардид. Созишномаро вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Ҷопон дар ҶТ Хироюки Имахаши имзо намуданд.Ҳамзамон ба манзури татбиқи ҳуҷҷати зикршуда созишномаи имтиёзнок дар бораи амнияти озуқавии фермерҳои камбизоати байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷопон имзо гардид. Ҳуҷҷати зикршударо аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҷопон намояндаи доимии Агентии оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷопон Ҷиро Иида имзо намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






