Созишномаи оид ба ҳуқуқҳои маъюбон
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар симои як қатор созмонҳо, аз қабили Ассотсиатсияи волидайни кӯдакони маъюб, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Лигаи «Иштирок» — и занони маъюб, Созмони ҷамъиятии «Бюрои оид ба ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният» ва созмонҳои дигар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуданд, ки вақтҳои наздиктарин масъалаи аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ шудани Созишномаи ҳуқуқҳои маъюбонро баррасӣ намояд.Мувофиқи суханони манбаъ, бархе кишварҳо ба Тоҷикистон тавсия карда буданд, ки Созишномаи оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва Протоколи факултативии онро ба манзури дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдудро тасдиқ намуда, ҳамчунин барои муайян намудани маъюбӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ қонунҳои нав қабул кунад.Мувофиқи маълумоти оморӣ, тайи 20 соли охир дар Тоҷикистон теъдоди шахсони имконияташон маҳдуд хеле афзуда ва дар ҳоли ҳозир қариб 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои маъюбонро ба дараҷаи кофӣ таъмин менамояд. 29 декабри соли 2010 таҳрири нави Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» қабул шуда ва он моҳи январи соли 2011 ба мавқеи иҷро расид. Қонуни мазкур нуктаҳои Созишномаи оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро аз бисёр ҷиҳат инъикос медиҳад.Қобили зикр аст, ки алҳол созишномаро 153 кишвари ҷаҳон имзо намуда ва 190 кишвар тасдиқ кардаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






