Суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз, 25 марти соли 2012, Наврўзгоҳи шаҳри Душанбе Ҷаноби Олӣ Осиф Алӣ Зардорӣ — Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон! Ҳамватанони азиз! Хонумҳо ва ҷанобон!Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш қабл аз ҳама мехоҳам шуморо ба ифтихори ҷашни пуршукўҳи табиату баҳор, оғози сарсабзиву хуррамӣ, яъне Наврўзи оламафрўз, ки имрўзҳо бо қадамҳои неку мубораки худ дар диёри зебову дилрабои Тоҷикистон фаро расидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва умуман мардуми сайёра оромиву осоиш, хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пурфайзи наврўзиро орзу намоям. Таърихи куҳанбунёду ибратомўзи халқи мо гувоҳӣ медиҳад, ки аҷдоди шарафмандамон ҳанўз дар ҳазорсолаҳои қабл аз мелод дар қаламрави зисти хеш ҷашни Наврўзро чун нишонаи фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва айёми баробаршавии шабу рўз истиқбол гирифта, анъанаву суннатҳои онро бо шукўҳу тантанаи хоса гиромӣ медоштанд. Наврўз ҳамчун ёдгори ҷовидонаи ниёгони некноми мо масъалаҳои маърифативу фалсафӣ, ҷаҳоншиносӣ, арзишҳои волои ахлоқӣ, покиву порсоӣ, некиву накўкорӣ ва адлу ростиро низ дарбар мегирад.Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мўҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рўҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини одобу ойини Наврўз ин аст, ки ин ҷашн ба ягон воқеаву ҳодисаи қавмиву миллӣ ё маҳалливу минтақаи маҳдуд иртибот надорад. Яъне Наврўз дар ниҳоди хеш хислати қавмгароӣ надошта, баръакс он фиристодаи Худованди пок барои ҷумла мардумони некдил ҳисобида мешавад.Як сабаби муҳими ҳамагонӣ будани ҷашни Наврўз дар он аст, ки ин ҷашнро ба қавли Умари Хайём «баҳри бузургдошти Офтоб» таъсис додаанд ва ба андешаи ин ҳакими хирад «ҷаҳониён чашм ба хуршед доранд ва андар вай ба ҷалолу таъзим расидаанд». Аз ин лиҳоз, Наврўз ба мисли хуршеди ховарон барои ҳама баробар нур афканда, сарвати ҷумла фарзандони Одам маҳсуб мегардад.Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаро махсус таъкид намоям, ки Наврўз ақида нест, балки як воқеят аст, ки ҳеҷ кас ё ақидае наметавонад ин воқеиятро инкор намояд. Рози мондагори Наврўз низ аз ҳамин хислати ин ҷашни ҷовидона сарчашма мегирад. Бунёдгузори адабиёти муосири тоҷикон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар бораи баргузории ҷашни Наврўз зикр намудааст, ки бо сабаби рост омадани ин ҷашн бо айёми ба ҳаракат даромадани рустаниҳо табиат ва инсон ҳам ба ҳаракат меояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон мегўянд: «Ҳамал – ҳама чиз дар амал».Воқеан ҳам ин давраи ба ҳаракат омадани табиат, бедор шудани рўҳу равони инсон, оғози корҳои кишоварзӣ ва дар маҷмўъ идомаву бақои умри ҷомеа дониста мешавад. Имрўз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврўз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дўсту бародар мебошад. Маҳз машварату дастгирии ҳамдигарӣ буд, ки мо ба ин натиҷаи барҷаста шарафёб гардидем ва акнун моро зарур аст, ки дар оянда низ барои эҳё ва таҳкиму тақвияти ин ҷашни зебои ниёгонамон ва ба оламиён ба таври арзанда муаррифӣ кардани суннату русуми неки он саъю кўшиш намоем. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рўзи байналмилалии Наврўз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мўътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврўз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврўзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврўз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврўз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Инак пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврўз имкониятҳои бештаре фароҳам омадаанд, ки кишварҳои мо ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукўҳи Наврўз суннатҳои волои онро, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гўшаи фаромўшӣ рафтаанд, бо дастгирии доираҳои илмиву фарҳангии ҳамдигар эҳё гардонанд ва ба оламиён собит намоянд, ки Наврўз воқеан ҳам аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист. Дар баробари ин моро лозим аст, ки суннатҳои наврўзиро барои беҳбуди ҳаёти имрўза ва таҳкими ҳарчи бештари равобити халқҳоямон истифода кунем. Аз ҷумла, ҳар сол вақте, ки дар яке аз кишварҳои мо ҷашни Наврўз таҷлил мегардад, баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли он айни муддао мебошад. Ба ин восита мо метавонем бо ҳамдигар боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кунем, ки яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврўз ба ҳам наздик шудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дўстона, инчунин ҳамкориву ҳамгироӣ миёни мардумони гуногун аст.Зеро дар шароити муосир ҳамаи мо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва башарият нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, дўстиву рафоқат, ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад. Дар чунин шароит Наврўз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дўстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сўи рўзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.Итминон дорам, ки ташрифи меҳмонони олиқадр ва ҳайатҳои баландпоя аз кишварҳои дўсту бародар ба Тоҷикистон ва ширкати онҳо дар маъракаи идонаи мо боиси таҳкими бештари равобити неки ҳамсоягӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкории миёни мамолики минтақа ва ҷаҳон хоҳад гардид.Бо ҳамин орзуҳои неку таманниёти самимона бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, меҳмонони олиқадр, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байнамилалиро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврўз табрик гуфта, бароятон тансиҳативу рўзгори обод ва барори кору пирўзӣ орзу менамоям. Наврўзатон фархундаву муборак бошад, меҳмонони гиромӣ ва ҳамватанони азиз!