Таҷлили Наврӯз дар Кембриҷ

Март 14, 2012 14:53

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 9 марти соли 2012 дар Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир бо иштироки сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ҷашни наврӯзӣ барпо гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Форуми Осиёи Марказии Донишгоҳи Кембриҷ ташкил шуда, аз мизи мудаввар ва барномаи фарҳангӣ иборат буд:. Дар мизи мудаввар таҳти унвони “Имкониятҳои нав дар Роҳи Абрешим” Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эркин Қосимов ҳозиринро бо имконоти Тоҷикистон дар эҳё ва рушди Роҳи Абрешим шинос намуд. Аз ҷумла, маълумоти муфассал доир ба имкониятҳои ҷойдоштаи Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, хатҳои интиқоли барқ пешкаш гардид. Дар оғози барномаи фарҳангӣ Сафири Тоҷикистон китоби “Tajikistan — 20”-ро, ки аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои китобхонаи Донишгоҳи Кембриҷ ирсол гардида буд, ба намояндаи донишгоҳи мазкур тақдим кард. Сипас намояндагони ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ, ки аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медоданд, бо барномаҳои консертӣ баромад намуданд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур сафорат намояи наврӯзӣ орост. 24 марти соли 2012 сафорати Тоҷикистон маъракаи идонаро бахшида ба Наврӯз дар Лондон мегузаронад.

Март 14, 2012 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад