Табрикномаи Э.Раҳмон унвонии В. Путин
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Владимир Путин ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Федератсияи Русия табрикнома ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:Мӯҳтарам Владимир Владимирович,Пирӯзии боварибахши Шумо дар интихоботи президенти Федератсияи Русия ба ман имконияти фараҳбахш медиҳад, ки табрикоти самимонатарин ва орзӯҳои беҳтаринамро ба Шумо ирсол дорам. Изҳори иродаи халқи Русия далели сиёсати ҳамаҷониба фикру мулоҳизашудаи Шуморо васеъ дастгирӣ намудани аҳолии Русия буда ва мақсад аз он рушди минбаъда ва навсозии ҷомеа, дар арсаи ҷаҳон ҳамаҷониба таҳким бахшидани обрӯи Русияи дӯст мебошад, ки Тоҷикистонро муносибатҳои зичи мушорикати стратегӣ бо он пайвастаанд.Изҳори умедворӣ менамоям, ки ширкати Шумо дар мансаби олии Президенти Федератсияи Русия ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилаи кишварҳоямон аз рӯи доираи васеи ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.Ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба татбиқи собитқадамонаи тавони муносибатҳои зич бо Федератсияи Русия тасдиқ намуда, мехостам иброз дорам, ки мо омодаем ҳамроҳи Шумо барои бахшидани суръати бештаре ба ҳамкории Тоҷикистону Русия ба нафъи халқҳоямон ҳамаи саъю кӯшиши заруриро ба харҷ диҳем.Ба Шумо, мӯҳтарам Владимир Владимирович, аз самими қалб тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва дар фаъолиятатон баҳри шукуфоии Русияи бузург комрониҳо таманно дорам.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






