Талабҳои квотаи президентӣ
Хоруғ, 7 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар муассисаҳои тиббии ВМКБ ба иҷрои бемайлони Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010 – 2014» эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Тавре сардори Раёсати тандурустии вилоят Саидбек Давлатбеков иттилоъ дод, дар ҳошияи талаботи барномаи мазкур масъалаи таъмини муассисаҳои табобатии вилоят бо кадрҳои баландихтисос зина ба зина ҳал мешавад.Ҳар сол тибқи квотаи президентӣ аз минтақаҳои дурдасти Бадахшон даҳҳо нафар ҷавонписарону духтарон ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии ҷумҳурӣ 283 нафар донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки 66 нафарашон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, таҳсил намуда, бояд баъд аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳашон баргашта, дар беҳдошти сиҳатии мардум нақш гузоранд.Муовини аввали раиси вилоят Исмоил Орифшоев иттилоъ дод, ки гарчи таъмини муассисаҳои ҳифзулсиҳати вилоят бо кадрҳо ба андозае ҳал шуда бошад ҳам, мутаассифона, дар баъзе минтақаҳои дур аз марказҳо ин масъала ташвишовар аст, зеро солҳои охир даҳҳо хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ ба зодгоҳашон барнагашта, дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон фаъолият мекунанд.Масалан, соли 2011 аз ҷумлаи 39 нафар зодагони Бадахшон, ки ин донишгоҳро хатм карда буданд, танҳо 26 нафарашон ба Бадахшон баргаштаанду халос.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






