Тарғиби хизмати ҳатмии ҳарбӣ

Март 16, 2012 09:14

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷамоатҳои деҳоти «Симиганҷ» ва «Чӯянгарон» -и шаҳри Ваҳдат тарғиби даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт,- иброз дошт раиси ҷамоати деҳоти «Симиганҷ» Аҳмад Шамсов ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба кори тарғибу ташвиқи даъватшавандагон ба хизмати аскарӣ кормандони ҷамоати деҳот, муаллимон ва раисони маҳаллаҳо ҷалб шудаанд.Ба гуфти А. Шамсов, дар даъвати гузашта дар байни ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат аввалин шуда ҷамоати «Симиганҷ» таъмини аскарбачаҳоро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ анҷом дода буд. Дар даъвати навбатӣ ҳам умедворем, ки тавассути тарғибу ташвиқ аз ӯҳдаи ин вазифаи муқаддас баромада тавонем,- афзуд раис. Ёдовар мешавем, ки фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1985 – 1994 ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид. Мутобиқи фармон хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел – майи соли 2012 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ва бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Март 16, 2012 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!