Тасарруфи сумкаи занона
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 8 марти соли 2012 аризаи шаҳрванд С. Султонова (соли таваллудаш 1980, сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, кӯчаи Ҷомӣ) ворид гардидааст. 4 марти соли 2012 тахминан соати 20:00 шахсони номаълум дар Боғи фароғатии ба номи Б. Ғафуров бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ӯ як адад сумкаи занонаро, ки дар дохилаш ашёи ороишӣ ба маблағи 160 сомонӣ доштааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Бӯриев Рустам Музаффарович (соли таваллудаш 1994, сокини кӯчаи Ҷомӣ), Каримов Сорбон Музаффарович (соли таваллудаш 1996, сокини кӯчаи Ҷомӣ, хонаи 93, хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 45) дастгир шудаанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






