Технологияи иттилоотӣ барои ВКХ ҷумҳурӣ
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Душанбе Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таҷҳизоти иттилоотӣ дастрас намуд. Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо лоиҳаи мазкурро мутобиқи паймонҳои қаблиашон дар ҳошияи Барномаи расонидани кӯмаки техникӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ намуданд.Дар маросими расмии супуридани таҷҳизот вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва вакили муваққатии умури Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон — ку ширкат доштанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






