Тепловозҳои Қазоқистон дар Душанбе
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 28 феврал як миқдор тепловозҳои сохти Қазоқистон ба шаҳри Душанбе оварда ва ба Муассисаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан» — и Тоҷикистон расман супурда шуд. Мувофиқи қарордоде, ки бо дастгирии муассисаҳои молиявии рушд ва содироти Ҷумҳурии Қазоқистон имзо шудааст, дар давоми як моҳ ба Тоҷикистон овардани боз 4 тепловоз дар назар аст. Сафири Қазоқистон дар ҶТ Оғибой Смагулов зимни суханрониаш зикр намуд, ки ҳоло беш аз садҳо адад чунин локомотивҳои нав дар роҳҳои оҳани Қазоқистон ҳаракат мекунанд.Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёров дар навбати худ иброз дошт, ки роҳбарияти кишвар ба рушди системаи нақлиёт таваҷҷӯҳи хоса медиҳад. Мавсуф ба Ҳукумати Қазоқистон барои дастгирии доимӣ ва сари вақт ба Тоҷикистон фиристодани тепловозҳои нав изҳори миннатдорӣ кард.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






