Тими мунтахаби Гана бе сармураббӣ монд
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).-Ба иттилои сомонаи Ассотсиатсияи футболи Гана сармураббии дастаи мунтахаби Гана Горан Стеванович аз мансаб озод карда шуд. Вазифаи сармураббигиро то интихоби ҷадид ёвари Стеванович Квеси Аппиа иҷро мекунад. Стеванович бо дастаи мунтахаби Гана аз соли 2011 кор кардааст. Соли равон дастаи мунтахаби Гана дар бозиҳои Ҷоми Африка дар вохӯрии нимниҳоӣ аз дастаи Замбия бо натиҷаи 1 бар 0 мағлуб шуд ва барои ҷои ифтихории сеюм футболбозони кишвари Мали бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда, Ганаро аз ҷоиза маҳрум карданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






