Варзишгарони тоҷик дар Берлин

Март 7, 2012 15:10

Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дирӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Клиникаи «Bad Pyrmont» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.Шартономаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Президенти КМО ҶТ Маликшо Неъматов ва аз ҷониби Клиникаи «Bad Pyrmont» Ҷумҳурии Федеративии Олмон роҳбари муассисаи мазкур Тетер Миддел ба имзо расониданд.Дар доираи шартномаи мазкур ҷонибҳо дар соҳаи рушди ҳаракати олимпӣ, тибби варзиш ва ташхиси тиббӣ ва шикастабандии тиббӣ, муолиҷаи барқароркунии курортӣ-саноторӣ барои варзишгарони Тоҷикистон дар Олмон ҳамкорӣ менамоянд.Айни замон ҷонибҳо барои дар сатҳи баланд омода намудани варзишгарони тоҷик барои иштирок бар Бозиҳоии XXX олимпии Лондон 2012 ҳамкориро оғоз намуданд.Ҳамзамон клиникаи мазкур барои омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони тибби варзиши Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Ин клиника ҳамкориро бо КМОҶТ ба таври имтиёзнок ба роҳ мемонад.Ёдовар мешавем, ки дар ин клиника варзишгарони шинохтаи тоҷик, ҷоизадори бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев, чемпиони ҷаҳон оид ба намуди самбо дар байни ҷавонон Комроншоҳи Устопириён ва барандаи медали нуқраи бозиҳои литсензионии Осиё Алишер Гулов ташхиси тиббиро барои давраҳои барқароршавӣ гузаштанд.Дар ин клиника табобат ва барқароршавии баъди латхӯрӣ ва бемории варзишгарон бо истифода аз навтарин усулҳои тиббӣ ташхис мешаванд.Клиника ба таври ройгон тамоми табобати барқароршавии варзишгарони тоҷикро анҷом дода, инчунин 5 нафар мутахассисони соҳаи тибби варзиши Тоҷикистонро барои таҷрибаомӯзӣ мусоидат менамояд.

Март 7, 2012 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд