Зарурати нигаҳдошти саршумори чорво

Март 20, 2012 10:00

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми марти соли 2012 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калон 2 млн. 139 ҳазор сарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 119 ҳазор сар зиёд аст.Дар ин давра саршумори бузу гӯсфанд ба 3 млн. 186 ҳазор сар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7,2 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилои манбаъ, 92,3 фоизи саршумори чорвои калон ва 83,5 фоизи саршумори чорвои майда ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 8,9 фоиз, Хатлон — 6, ВМКБ – 1,4 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5 фоизро ташкил дод. Бо вуҷуди афзоиши саршумори чорво, хоҷагиҳои чорвопарвар натавонистанд захираи хӯрокаи чорворо барои зимистони соли 2012 хуб таъмин намоянд. Ба гуфти мутахасисони Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, хоҷагиҳои чорводор дар як давраи хеле ҳассос қарор доранд ва бо хӯрокӣ таъмин набудани чорво боиси талафи саршумори он шуда метавонад. Аз ин рӯ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба даҳҳо ташкилоти байналмилалӣ ва дохилӣ дар бораи дастгирии чорводорон муроҷиат намуд. Дар асоси муроҷиатномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аввалин шуда «Фонди Оғохон» кӯмаки худро ба чорводорони ВМКБ расонид. Ташкилоту соҳибкорони ватаниро низ зарур аст, ки барои талаф наёфтани чорво аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намояд, то чорво бе талафи бештар аз зимистон бароварда шавад, ва гар на нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ метавонад боз ҳам гаронтар шавад, ки ин на ба манфиати аҳолист ва на ба нафъи рушди соҳаи чорводорӣ.

Март 20, 2012 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад