Зуҳуров ва Иброҳимӣ хостори тавсеаи муносибот гардиданд
Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тоҷикистон ҷонибдори барқарории сулҳу суботи комил дар Афғонистон буда, хостори пешрафти чашмрас дар ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони худ аст». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо Абдулло Рауф Иброҳимӣ, раиси Луи Ҷиргаи Ассамблеяи миллии Давлати Исломии Афғонистон дар Алмаато иброз дошт. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Тоҷикистон дар ҳамаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аз мавқеъи Афғонистон ҷонибдорӣ хоҳад кард. Мавсуф афзуд, ки баргузор шудани конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон дар Душанбе аз ибтикороти роҳбарияти кишвари Тоҷикистон ба хотири барқарории оромиву субот ва эҳёи иқтисодиёти Афғонистон шаҳодат медиҳад. Раиси Луи Ҷиргаи Ассамблеяи миллии Давлати Исломии Афғонистон Абдулло Рауф Иброҳимӣ аз иқдомоти ҷониби Тоҷикистон барои кӯмаку мусоидат дар сулҳу субот ва рушди иқтисодии ин кишвар изҳори сипос кард ва гуфт, ки дар сурати таъмини сулҳу субот ва пешрафт дар кишвараш, Афғонистон метавонад омили рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа гардад. Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






