Ҳаҷми истеҳсолот афзуд

Апрель 19, 2012 11:43

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯи натиҷаи семоҳаи аввали соли 2012 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил дод.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,6 фоизро ташкил дод.Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат ҳаҷми афзоиши истеҳсоли маҳсулот аз моҳи январ то моҳи марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 баробари 15 фоиз буда ва беш аз 700 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар истеҳсолоти нассоҷию дӯзандагӣ индекси истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби афзоиши тавлиди нахи пахта, матои пахтагин, ҳамчунин калобаи пахтагин 1,8 баробар афзуд. Корхонаҳои ғайритобеи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро баробари 16,9 фоиз кам карда, ба маблағи беш аз 311 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд. Корхонаҳои коркарди нахи пахта ба маблағи 333 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 баробар зиёд аст.

Апрель 19, 2012 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад