Ҳафтаи китоби бачагона анҷом ёфт
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 9 апрел дар Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов маросими ботантанаи хатми фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби бачагона ва ҷавонон» баргузор гардид. Дар ин ҷо маҳсули эҷодиёти кӯдакону ҷавонон, китобҳо ва рӯзномаю маҷаллаҳо ба маърази намоиш гузошта, хонандагони ҷавон бо нависандагони маъруфи тоҷик вохӯрданд.Дар саҳнаи театр бахшида ба 15 – солагии иди Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат – рамзи беҳбудии миллат» баргузор шуд. Иштирокдорони фаъоли фестивал бо инъомҳои пурқимати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қадр карда шуданд.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






