Ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ

Апрель 23, 2012 13:08

Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми огоҳӣ аз ғасби (рабудани) воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 23 апрел баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки Созишномаи мазкур дорои аҳамияти муҳими таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи фазои ҳавоист. Он бо мақсади амнияти истифодаи фазои ҳавоӣ, мухолифат ба терроризм ва таъмини бархӯрди ягона нисбат ба ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои ИДМ доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми огоҳӣ аз ғасби (рабудани) воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ба имзо расидааст.  Тибқи ин санад тарафҳое, ки Созишномаро имзо кардаанд, дар ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймоҳо ва пешгирии амалҳои террористӣ бо истифодаи ҳавопаймо дар фазои ҳавоӣ тибқи Низомномаи тартиби фаъолияти навбатдорӣ, ки қисми ҷудонашавандаи Созишнома аст, ҳамкорӣ менамоянд.

Апрель 23, 2012 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!