Ҳисоббаробаркунии асноди нафақавии нафақагирон

Апрель 12, 2012 17:00

Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар заминаи сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи паст кардани сатҳи камбиозатӣ барои солҳои 2010–2012», “Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» ислоҳоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бемайлон идома дорад. Дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” аз 12 январи 2010 ба тасвиб расида, барои рушди соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ таккони ҷиддӣ бахшид.Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» усул ва механизми танзими системаи таъминоти нафақа муайян гардида, дар он сохтори ташкилию ҳуқуқии система ва манбаъҳои маблағгузорӣ муқаррар карда шудааст. Мафҳумҳои суғуртаи нафақавӣ, таъминоти нафақаи касбӣ, захираҳои инфиродии нафақа, нафақаи суғуртавӣ, собиқаи суғуртавӣ ва дигар мафҳумҳои замонавӣ ва муҳими соҳаи нафақа тавзеҳ дода шуда, роҳҳои асосии таъин ва пардохти намудҳои гуногуни нафақа, ки ба шароити вазъи иқтисоди бозорӣ созгор мебошанд, пешбинӣ гардидаанд. Дар ин қонун манбаъҳои асосии маблағгузории пардохтҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои ҳуқуқие, ки ба соҳаи мазкур иртибот доранд, муайян шудаанд.Пас аз татбиқ қонуни мазкур ба шаффофтар шудани манбаъҳои асосии даромадҳои аҳолӣ мусоидат менамояд ва ин дар навбати худ боиси афзоиши ҳаҷми воридоти маблағҳои ғайридавлатӣ ба буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ мегардад. Аз ин лиҳоз яке аз вазифаҳои асоситарини вазорат ва сохторҳои дахлдори он таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бармеоянд, маҳсуб меёбад.Дар ин раванд қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 1 марти соли 2012, №62 «Дар бораи масъалаҳои таъиноти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа» ба тасвиб расид.Аз 1 апрели соли 2012 Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамчун мақомоти ваколатдор минбаъд масъалаҳои таъиноти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоиро ба амал мебарорад.Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур фармоиши Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки тибқи он гурӯҳҳои корӣ доир ба қабули асноди нафақавии нафақагирон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ сафарбар шудаанд.Мақомоти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамчун мақомоти ваколатдор асноди нафақавии нафақагирони ҷумҳуриро тибқи санадҳои тартибдодаи ситоди корӣ қабул менамоянд.Бо мақсади ба даст овардани шаффофият ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳисоббаробаркунии (инвентаризатсияи) асноди нафақавии нафақагирон ва азқайдгузарии нафақагиронро мегузаронад.Аз ин лиҳоз, ҳар як нафақагир бояд як маротиба дар мақомоти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи макони зист аз қайд гузарад. Дар навбатӣ худ кормандони Агентӣ дар маҳалҳо асноди нафақавии нафақагири аз қайдгузаштаро бо тартиби муайян аз нав рақамгузорӣ менамоянд.Дар самти ислоҳоти минбаъдаи низоми таъминоти нафақа ва рушди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаъолият идома дорад.

Апрель 12, 2012 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад