Ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷират дар Душанбе
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ Ховар, Лутфия Эшонқулова).-Ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти семоҳаи аввали соли 2012 ва вазифаҳои минбаъдаи он дирӯз, 12 апрел дар Душанбе баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур гузориши сардори Раёсати ташкилию таҳлилӣ Мирзоҷон Шарипов доир ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2012 ва вазифаҳои он барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ шунида шуд.Сипас гузориши сардорони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамот, инчунин раёсатҳои вилояти Суғд, Хатлон ва ВМКБ доир ба танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва бахусус дар Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори иловагии меҳнат, ҷараёни касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар давлати мо будубош менамоянд, шунида шуд ва бурду бохти раёсатҳои мазкур аз сӯи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират мавриди муҳокима қарор гирифт.Дар интиҳо аз тарафи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас, ҷиҳати ба танзими раванди муҳоҷират, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ, касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, тавсеаи равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ Ховар аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






