Ҷаласаи машваратӣ ҷиҳати омӯзиши Паём

Апрель 25, 2012 12:06

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 24 апрели соли равон дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, маҳаллӣ ва  ташкилотҳои низом ҷаласаи машваратӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сурат гирифт. Роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, маҳаллӣ, ташкилотҳои низоми кумита муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати фаҳмондадиҳии моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар марказ ва маҳалҳо байни аҳолӣ, бахусус қишри ҷавони ҷомеа силсилаи мулоқоту вохӯриҳо дар ин робита доир намоянд. Таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани дониши сиёсиву фарҳангии ҷавонон ва дар ин замина дар мафкураи онҳо тақвият додани ҳисси ватандустӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.Масъулини соҳаи варзиш, мураббиён ва роҳбарони федератсияҳои варзишӣ вазифадор гардиданд, ки барои оммавӣ гардидани варзиш ва солимии ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, барои дарёфти ҷеҳраҳои нави варзишӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.Дар ҷаласаи машваратӣ таъкид гардид, ки масъулини соҳаи туризм ва роҳбарони ширкатҳои туристии мамлакат сатҳи хизматрасониро баланд бардоранд ва туризми дохилии мамлакатро тақвият дода, хатсайрҳои туристии дохилиро ҳарчи зудтар ба роҳ монанд. Раиси кумита Маликшо Неъматов дар хотима таъқид намуд, ки моро зарур вобаста ба иҷрои саривақтиву мақсадноки дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш кунем.

Апрель 25, 2012 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад