Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 3 май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Иштироки вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев дар кори ҷаласа дар назар аст.Масъалаи асосӣ иборат аз муҳокимаи тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушду такмили ҳамкории ҳарбӣ ва зарурати густариши якдилии иттифоқии давлатҳои аъзои СААД дар шароити проблемаҳои мавҷудаи ҷаҳонию минтақавии амният ва фишори сиёсию иқтисодӣ мебошад, гуфта мешавад дар хабари васоити ахбори оммаи Қазоқистон. Ҳамчунин қарори Шӯрои вазирони мудофиа дар бораи нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзои СААД аз рӯи масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва амнияту мудофиа барои нимсолаи дуюми соли 2012 ва нимсолаи аввали соли 2013 баррасӣ мешавад. Дар доираи ҷаласа вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии аслиҳа ва амволи ҳарбӣ дар шаҳри Остона иштирок мекунанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






