Ҷавонон ба шанбегӣ мебароянд
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. 28 апрели соли равон дар боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои таърихӣ, марказҳои фарҳангиву таълимӣ, аз ҷумла дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Ғалаба, хиёбони Ҳ. Шерозӣ ва дар ҳудудҳои муассисаҳои зертобеи кумита бо ҷалби васеи ҷавонон шанбегӣ ҷараён мегирад. Ҳамзамон масъулини сохторҳои маҳаллии кумита ҷиҳати иштироки фаъоли ҷавонон дар раванди шанбегӣ дар марказ ва маҳалҳо муваззаф гардидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






