Ҷиндара Гулдара шуду Хелисой Лабисой

Апрель 2, 2012 14:03

Душанбе, 2 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ду деҳот ва 46 деҳаи ноҳияи Ҳисор табдили ном кард. Ин тадбир дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор андешида шудааст. Дар робита ба ин дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори марбута қабул гардид. Тибқи он деҳоти Хонақоҳи Ҳисор ба Сомон, деҳоти Қарамқул ба номи Мирзо Турсунзода тағйир дода шуд. Инчунин дар деҳоти Ҳисор деҳаҳои Якуми Май ба Чашмаи Моҳиён, Оқулии Боло ба Сарчашма, Оқулии Поён ба Сайёд, Заря-Востока ба Хушманзар, Қизилқишлоқ ба номи Мавлоншариф, дар шаҳраки Шарора деҳаи Ҷарак ба Сафобахш, дар деҳоти Дурбат деҳаи Қарапичоқ ба Ниёгон, деҳаи Учқул ба Зартеппа, дар деҳоти Деҳқонобод деҳаи Бесимас ба Аминиён, Булоқчинор ба Чилчинор, Қулмунда ба Мӯъминобод, Роҳи Ленин ба Шодмон, дар деҳоти Хонақоҳ деҳаи Чептӯраи Боло ба Гулрез, Бешбулоқ ба Чашмасор, Шӯроби Поён ба Нурафшон, Тула ба Боғистон, дар деҳоти Алмосӣ номи деҳаи Чағатай ба Суғдиён, Узунохӯр ба Лолазор, Тошбулоқ ба Сангчашма, Келитош ба Ободдара, Булоқсайидон ба Сайидон, деҳаи Ҳофизқишлоқ ба Ҳофизкада, деҳаи Наврӯзбулоқ ба Наврӯзӣ, Қарахонӣ ба Гули Сурх, дар деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ деҳаи Қипчоқ ба Меҳргон, Хелисой ба Лабисой, Ҷиндара ба Гулдара, дар деҳоти ба номи Мирзо Ризо деҳаи Давлатманқа ба Ҳамдилон, Киров ба Себистон, Қизил-Юлдуз ба Ситора, Болшевик ба Ҳосилот, дар деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода /собиқ Қарамқул/ деҳаи Қарамқул ба Меҳробод, Умакай ба Кишоварз, Комсомол ба Даҳбед, Янгиобод ба Намуна, Правда ба Чаманзор, Аскари Сурх ба Саховат, Октябр ба Равшандилон, Сотсиализм ба Садоқат, Умакайни Боло ба Ҳалқадашт, Қайрағоч ба Хайробод, Авзикенги Боло ба Ҳакимӣ, Авзикенг ба Баракат, дар деҳоти Ориён деҳаи Ҷартеппа ба Ҳалқаруд, Ҷеттиқир ба Ҳафттеппа ва деҳаи Чӯҷалӣ ба Гулистон табдил дода шуданд. Зимни тавзеҳи масъалаи мазкур узви палатаи болоии парлумони мамлакат Матлубахон Сатторова гуфт, ки ин тадбир бо мақсади поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳёи номҳои таърихии маҳал, гиромидошти хотираи шахсиятҳои барҷастаи миллат ва тақвияти худшиносии миллӣ андешида шудааст.

Апрель 2, 2012 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад