76 ҳазору 901 гектар замини кишоварзӣ кам шуд
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ Маҳмадтоир Зокиров, заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 млн. 987 ҳазору 661 гектарро ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 майдони 76 ҳазору 901 гектари он кам шудааст. Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ сабаби кам шудани онро аз истифодаи дарозмуддати заминҳои корхонаҳои кишоварзӣ даст кашидани истифодабарандагони замин дар ноҳияҳо медонад. Ба гуфти М. Зокиров, истифодабарандагони замин дар ноҳияҳои Панҷакент дар масоҳати14 ҳазору 996 гектар, дар Шаҳристон дар майдони 20 ҳазору 330 га, дар Ғончӣ дар 47 ҳазору 974 га аз истифодаи ин гуна заминҳо даст кашида, онро ба гурӯҳи заминҳои фонди давлатии ҷангал, заминҳои захираи давлатӣ, минтақаҳои аҳолинишин ва заминҳои фонди давлатии об гузарониданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






