Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ назаррас аст

Апрель 26, 2012 10:16

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ дар айни замон тамоюли асосии рушди низоми бонкии кишварро инъикос менамояд ва самараи он тӯли чор соли охир мушоҳида мешавад. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, моҳҳои охир миқдори пасандозҳо дар бонкҳои кишвар зиёд мешавад. Дар моҳи марти соли равон бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,9 фоиз афзуд. Дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо 44,5 фоиз ё 2019,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 55,5 фоиз ё 2520,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Ба иттилои манбаъ, фоизи миёнавазни пасандозҳо дар семоҳаи якуми соли 2012 бо пули миллӣ 16,47 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 13,66 фоизи солона баробар шуд.

Апрель 26, 2012 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад