Арзиши баланди чиптаҳо ҳам садди роҳ шуда наметавонад
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз 24-уми апрели соли ҷорӣ хатсайри нави ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Хуҷанд –Барнаул оғоз ёфт. Ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти ширкати «Сомон Эйр», парвозҳо дар ин самт дар ду ҳафта як маротиба рӯзҳои сешанбе ба роҳ монда шудааст. Арзиши чиптаҳо аз Хуҷанд то Барнаул 250 евро ва дар бозгашт аз Барнаул то Хуҷанд бо қимати 120 евро фурӯхта мешаванд.Ба гуфти Усмон Қулов, ки писараш 4 сол боз дар ФР кору фаъолият дорад, ҳеҷ як нарх наметвонад садди роҳи муҳоҷират шавад. «Дар мавриде, ки дастмузди аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар як сол аз 8 то 10 ҳазор долларро ташкил медиҳад, 250 евро ҳам арзон аст»,- мегӯяд Абдумаҷид Пиров, ки бо аҳли оилаи худ шаҳрвандии Русияро қабул кардаву дар он ҷо зиндагиро ихтиёр кардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






