Аз назария ба амал

Апрель 17, 2012 09:48

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои мустаҳкам намудани таҳкурсии бахши факултаи рушди иқтисод ва инноватсияи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати татбиқи назария дар амал 4 гектар замин ҷудо намуд. Донишгоҳ дар мавриди надоштани ҳиссаи замин ҳангоми таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Шӯробод, Мӯъминобод ва Кӯлоб шартномаҳои кӯтоҳмуддат мебаст. Дар айни замон филиали донишгоҳ дар базаи истеҳсолии худ барои қабули маҳсулот ва коркарди он тамоми шароитро дорост. Бо гузашти вақт донишгоҳ бо корхонаҳои консервакунӣ бастани шартномаро қатъ намуда, коркарди тамоми маҳсулоти кишоварзии худро дар корхонаҳои таҷрибавию истеҳсолии худ ба роҳ мемонад. Ҳоло дар замини таҷрибавии Донишгоҳ беш аз 480 бех ниҳоли шафтолу, 400 бех гелос, 200 бех хурмо, 150 бех анор ва 80 бех нашпотию муруд парвариш мешавад. Донишҷӯёни филиали Донишгоҳи технологӣ ният доранд, ки дар як гектар замин кишти анҷибар ва гулҳои хушбӯйро барои истеҳсоли атриёт ба роҳ монанд.

Апрель 17, 2012 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад