Аз сентябр музди маош баланд мешавад
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шурӯъ аз 1 сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ марҳилаи дуюми зиёдшавии музди меҳнат амалӣ гардида, музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон — 60 фоиз, соҳаи фарҳанг – 50 фоиз, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф — 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ — 30 фоиз зиёд карда мешавад. Ин нуктаро 20 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба парлумони кишвар зикр намуд. Ин тадбир бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва зиёдшавии имкониятҳои молиявӣ , баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии қишрҳои мухталифи ҷомеа андешида шудааст. Ҳамзамон стипендияҳои донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия — 50 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он аз 80 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар мегардад. Инчунин ҳадди ақалл ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ба андозаи 30 фоиз зиёд шуда, нафақаҳои меҳнатӣ, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, аз 150 сомонӣ кам мебошанд, ба 150 сомонӣ баробар карда мешаванд. Яъне, аз 1-уми сентябри соли равон дар мамлакат нафақаи 380 ҳазор нафар нафақагир зиёд шуда, ба 150 сомонӣ расонида мешавад. Дар маҷмӯъ, барои маблағгузории ин чорабиниҳо дар соли ҷорӣ беш аз 350 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона мегарданд. Ҳамин тариқ, мо дар ду соли сипаригардида тавонистем музди меҳнати кормандони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти умумиву томактабиро беш аз ду баробар ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фарҳангу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро то ду баробар зиёд намоем, таъкид кард Сарвари давлат. Ҳол он ки ин чорабинӣ бояд дар муддати се сол, яъне то соли 2014 амалӣ мегардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






