Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба Президенти Корея
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Мён Бак барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Дар робита ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрику таманниёти самимии хешро бифиристам. Аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон кишварҳои мо муносибатҳои дипломатиашонро ба роҳ монда, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Тайи ин давра муносиботи байни кишварҳои мо бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд. Ҷониби Тоҷикистон мусоидату дастгирии доимии иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии кишвари Шуморо дар чорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея ҳамеша эҳсос намуда, кӯшишҳои пайвастаи онро ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳамшарикии дарозмӯҳлату созандаи минтақавӣ тавассути Ҳамоиши ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баланд арзёбӣ менамояд. Айни замон, мо мутмаинем, ки муносиботи байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарӣ имкониятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда доранд ва ба кор андохтани онҳо ба манфиатҳои мардумонамон хоҳад буд. Ҷониби Тоҷикистон хоҳони татбиқи воқеии чунин имкониятҳо мебошад ва бо мақсади фароҳам овардани заминаи бештари мусоид барои тавсеаи доираи ҳамкориҳои зичи мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Корея омода аст, ки муколамаи созандаро бо кишвари Шумо дар ҳамаи сатҳҳо вусъат бахшад. Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба муносибати ин санаи муборак дар таърихи муосири равобити миёни кишварҳоямон ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея — пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






