Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Россия

Апрель 6, 2012 14:03

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст: «Дмитрий Анатолевичи арҷманд, Ба ифтихори бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия табрикоти самимӣ ва орзӯҳои беҳтаринамро ба Шумо ирсол медорам. Мо, дар Тоҷикистон муносибатҳои дӯстии зич ва ҳамкории бисёрҷониба бо Федератсияи Русия — шарики стратегиамонро қадр мекунем. Ин муносибатҳо дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хоса доранд. Хурсандибахш аст, ки тайи ду даҳсолаи гузашта ҳамкории байни кишварҳоямон суръати рушди мусбӣ дошта ва он пайваста бо рушду густариши хушсифат дар ҳамаи мавқеъҳои асосии ҳамкорӣ, ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар асоси бисёрҷониба сурат мегирифт. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Русия аслан ҳамаи соҳаҳои ҳаётро фаро мегиранд, ки манфиатҳояшон дар онҳо мушабеҳи якдигар буда ва омили муҳими сулҳу суботи минтақа мебошанд. Муносибатҳои имрӯзаи мамлакатҳои мо, ки дар принсипҳои баробарӣ, эҳтироми якдигар, ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар, ёрии ҳамдигарӣ ва дастгирии якдигар қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд, дар қиёси сиёсӣ, дар бахши иқтисодиёт, амният, дар соҳаи гуманитарӣ ва аз рӯи бисёр самтҳои дигари равобити амалӣ муттасил рушду густариш меёбанд. Бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ санаи фархундаи таърихи навтарини муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад. Вай, дар айни ҳол сабабе барои дарк намудани дурнамои ҳамкории мутақобилан муфиди мо ва роҳҳои пешравии минбаъдаи он мегардад. Марому манфиати самимонаамонро дар амри бо мазмуни нав пурра гардонидани ҳамаи ҷиҳатҳои ҳамкории ду кишвар тасдиқ намуда, изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо нерӯи мавҷудаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия такя намуда, бо саъю кӯшишҳои муштарак ба қуллаҳои нави рушди он ба нафъи халқҳоямон мерасем. Ба Шумо, мӯҳтарам Дмитрий Анатолевич, аз самими қалб тансиҳатии бардавом ва натиҷаҳои нави самарабахш дар фаъолияти минбаъдаатон ва ба ҳамаи халқи Русияи дӯст сулҳ ва беҳбудию шукуфоиро таманно дорам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 6, 2012 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад