Барқияи табрикотии Президенти Куриё унвонии Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Куриё Ли Мён – Бак унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:«Мӯҳтарам Ҷаноби Президент, Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Куриё ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Куриё суханони самимонаи дӯстиро ба Шумо ва халқи Тоҷикистон иброз дорам. Басо хурсандам, ки баъди 27 апрели соли 1992 барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳамчунин бахшҳои дигари мухталифи фаъолият мунтазам ривоҷ меёбанд. Ман ҳамчунин умедворам, ки ин воқеаи фархунда — 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ, ба рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат намуда ва дӯстию ҳамфикрии мутақобилаи байни кишварҳои дӯстамон ҳар чи мустаҳкамтар мегарданд.Мехоҳам ба Шумо тансиҳатии бардавом ва ба халқи Тоҷикистон шукуфоию беҳбудӣ орзу намоям».Дар ин бора аз дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






